Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Русия ба "моҷарои ҳавоӣ" нуқта гузоштанд


Мақомоти Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 27 январ эълон карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Душанбеву Хуҷанд ризоят додааст. Аммо ба қавли мақомоти Русия, ин парвозҳо тобистони имсол сурат хоҳанд гирифт. Дар посух ҷониби Русия ​барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбург иҷозат додаанд. Тавофуқи ахир дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ҳосил шуда, бино ба иттилои расонаҳо, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” аз 3 феврал амалӣ хоҳанд шуд. Парвози ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" моҳи декабри соли гузашта дар пайи моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия қатъ шуда буд. “Сомон Эйр” аз моҳи декабри соли гузашта то кунун ҳақ дошт, танҳо ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург парвоз анҷом диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG