Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мавриди "шантаж"-и Русия қарор гирифт?


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Расонаҳои Амрико ва Бритониё навиштанд, ки Бюрои Федеролии Тафтишот ҳафтаи гузашта Барак Обама ва Доналд Трампро дар бораи иддаои мудохила ва истифодаи маълумоти хусусӣ ва ҳам молии президенти мунтахаби ИМА аз тарафи истихбороти Русия пурсидааст. Гузоришҳо мегӯянд, иддаои расида ба назар қобили эътимод будаанд ва аз ҳамин хотир муфаттишон ба таҳқиқи онҳо пардохтаанд. Худи Трамп ин иттиҳомотро беасос номида, рад кардааст.

Маскав: "Компромат" нест

Ин иттиҳомот дар остонаи нахустин нишасти матбуотии Доналд Трамп садо дод.

Дмитрий Песков, сухангӯи президент Владимир Путин, дар сӯҳбат бо журналистон дар Маскав рӯзи 11 январ гуфт, "Кремлин ҳеҷ копромате бар зидди Трамп надорад ва ин ҳама як беҳудагӯӣ аст." Вай афзуд, "ин талоши дигари халалдор кардани робитаҳои миёни кишварҳои мо аст. Мӯҳтавои гузориши бози пешина ва матлаби охирин ҳам ба ҳам монанд аст. Ин як сохтакорӣ аст ва инро дар англисӣ як маводи чопи кӯчагӣ меноманд."

Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Телевизиони CNN гуфт, як бахши ин гузориши таҳқиқотӣ, ки аз ду саҳифа иборат аст, дар бораи мудохилаи русҳо дар интихоботи соли 2016 маълумоти муфассал медиҳад. "Ин маълумот махфӣ аст ва аз ҳамин хотир ҳам танҳо Обамаву Трамп ва 8 раҳбари Конгресс барои ошноӣ бо мӯҳтавои он роҳ дода шуданд", - таъкид кардааст CNN. Айни ҳамин матлабро хабаргузориҳои мӯътабари дигари ғарбӣ, назири нашрияи The New York Times, оҷонсиҳои Reuters, AP ва дигарон ҳам пахш карданд.

Сохтакорӣ?

Худи Трамп дар вокуниш ба ин хабар дар Твиттер навишт: "Хабар як сохтакорӣ ва ин як иттиҳоми беасос аст". Сухангӯи Трамп бо тасдиқи ҳарфҳои президенти мунтахаб гуфт, ҳамаи ин манобеъ "бидуни зикри ном ҳастанд". Ин иттиҳомот дар остонаи нахустин нишасти матбуотии Доналд Трамп садо дод, ки қарор аст рӯзи 11 январ баргузор шавад ва дар он президенти нав дар бораи нақшаву дидгоҳҳои худ дар мақоми президентӣ суханронӣ кунад.

CNN бо ҳимоят аз дурустии хабари пахшкардааш гуфт, манбаи он як афсари собиқи хадамоти ҷосусии бритониёии марбут ба MI6 аст, ки ҳоло дар як ширкати хусусии иттилоотӣ кор мекунад. Таҳқиқоти аввалия нахуст бо маблағгузории мухолифони номзади Ҷумҳурихоҳ Трамп анҷом шудааст. Баъд аз ин, гурӯҳ ва сармоягузорони маъракаи интихоботии Ҳилларӣ Клинтон, номзади интихоботии демократҳо ҳам ба ин таҳқиқот ҳамроҳ шуданд.

Далел - Наворҳои видеоии хусусияти шаҳвонидошта?

Гузориш ҳокист, ки гӯё Хадамоти амнияти федеролии Русия ва ё ФСБ дар давоми кори Трамп дар Маскав ӯро “шантаж” карда, ба мақсади худ ҳам расидааст. Дар миёни компроматҳо наворҳои видеоии хусусияти шаҳвонидоштаи Трамп ба ҳангоми сафараш ба Маскав дар соли 2013 зикр мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, мақомоти расмӣ ва ғайрирасмии Русия бо Трамп дар тамоси ҳамешагӣ буданд ва дар ин мулоқот чандин қазия, аз ҷумла ҳамла ва фошсозии имейлҳои Ҳизби демократ бо Трамп баррасӣ шудааст. Дар ин санад бо такя ба як манбаи номаълум гуфта мешавад, ки Трамп ва тими ӯ розӣ шудаанд, мудохилаи Русия ба ҳудудҳои Украинаро ҷонибдорӣ мекунад.

Ҷон МакКейн
Ҷон МакКейн

Яке аз мулоқот, ба иддаои онҳо, бо иштироки ҳуқуқшиноси Трамп – Майкл Коҳен дар шаҳри Прага дар моҳи август ё сентябр баргузор шудааст. Вале Коҳен дар Твиттераш навишт, ки ҳеҷ гоҳ дар Прага набуд.

Манобеи таҳқиқотӣ гуфтаанд, ҳукумати Путин солиёни дароз роҳҳои таъсиргузорӣ болои Трампро ҷустуҷӯ кардааст, ки ба хотири тиҷорат ва ҳам ташкили озмуни шоистаҳои ҷаҳон, ки моликияти хусусии ӯст, ба Маскав сафарҳо анҷом додааст. Нашрияи The New York Times навишт, баъзе аз иттиҳомотро натавонист тасдиқ кунад.

"Шантаж"-и Трамп ба кӣ зарур аст?

Дар гузашта дар Русия наворҳои видеоии хусусияти шаҳвонидошта барои рехтани обрӯи бархе аз сиёсатмадорон ва ё мақомоти баландпоя истифода шудаанд.

CNN гуфт, ки сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн ба раиси ФБР Ҷеймс Комӣ нусхаи гузориши ҷанҷолбарангезро ҳанӯз моҳи декабр дода буд. Ҳанӯз ФБР ба ин гузоришҳо вокуниш накардааст. Ин гузоришҳо чор рӯз баъди он нашр шуд, ки оҷонсиҳои истихборотии Амрико ба хулосае омаданд, маъракаи тахриби имейлҳоро худи Путин ба хотири кумак дар пирӯзии Трамп дар интихобот амр додааст.

Муовини раиси Думаи давлатии Русия Николай Ковалев ва раиси собиқи ФСБ гуфт, ҳеҷ маводи обрӯрезандаи Трамп мавҷуд нест. Ковалев дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфтааст: “Ба кӣ шантажи шахсе лозим аст, ки бо ташкили озмуни зебоӣ машғул аст?” Вай гуфт, “Русия чунин таҷриба надорад”. Дар гузашта дар Русия наворҳои видеоии хусусияти шаҳвонидошта барои рехтани обрӯи бархе аз сиёсатмадорон ва ё мақомоти баландпоя истифода шудаанд.

XS
SM
MD
LG