Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳамлаҳои ҳакерӣ бо амри Путин сурат гирифтааст"


Владимир Путин

Ниҳодҳои амниятии Амрико гуфтанд, ки ҳамлаҳои ҳакерии Русия "барои заиф кардани раванди интихобот" ва "бадном намудани Ҳилларӣ Клинтон – номзади Ҳизби демократ" бо амри Владимир Путин сурат гирифтааст. Онҳо гуфтанд, раиси ҷумҳури Русия ин корро бо ҳадафи кумак ба Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, анҷом додааст. "Арзёбии мо ин аст, ки Путин ва ҳукумати Русия тамоюли рӯшане ба Доналд Трамп пайдо карданд", - таъкид шудааст дар гузориши маҳрамонаи ниҳодҳои амниятии Амрико, ки як бахшаш рӯзи 6 январ расонаӣ шуд.

Мақомҳои истихборотии Амрико Русияро таҳдиде барои бахшҳои бузурге аз манфиатҳои Амрико хонданд.

Ниҳодҳои амниятии Амрико гуфтаанд, "Путин ва ҳукумати Русия иштиёқ доштанд, бо ироаи тасвирҳои номатлуб аз Ҳилларӣ Клинтон шонси эҳтимолии Доналд Трампро бештар кунанд". Дар ҳамин замина як мақоми аршади ниҳодҳои амниятии Амрико ба шабакаи NBC News гуфтааст, ин гузориши маҳрамона рӯзи панҷшанбе дар ихтиёри раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико қарор гирифтааст.

Ба қавли ин мақом, Русия талош кардааст, ҳамлаҳои ҳакериро барои шикасти ниҳодҳое монанди Кумитаи миллии Ҳизби демократ, Кохи Сафед ва Вазорати умури хориҷӣ анҷом диҳад, "вале ҳамаи онҳо муваффақиятомез набуданд". Гузориши маҳрамонаи ниҳодҳои амниятӣ мегӯяд, мақомҳои Русия пирӯзии Доналд Трампро ҷашн гирифтаанд. Ин гузоришро пулиси федероли Амрико, созмони иттилоотии марказӣ ва созмони амнияти миллӣ таҳия кардаанд.

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, рӯзи ҷумъа баъди поёни нишаст бо масъулони баландпояи амниятии ин кишвар гуфт, ҳамлаҳои ҳакерӣ ба натиҷаҳои интихобот таъсире надоштааст. Ба гузориши "Ассошиайтед Пресс", Доналд Трамп дар баёнияе гуфтааст, "Русия, Чин, кишварҳои дигар ва гурӯҳҳову афрод ба таври пайваста талош карданд, то ниҳодҳо ва созмонҳои Амрико, аз ҷумла Кумитаи миллии Ҳизби демократро ҳак кунанд”. Аммо ӯ ишорае ба дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи ахири Амрико накарда ва гуфтааст, "ҳеҷ гуна дасткорӣ дар мошинҳои интихобот рӯй надодааст".

Президенти мунтахаби Амрико қаблан гуфта буд, демократҳо мавзӯи ҳамлаи ҳакерии Русияро бузург мекунанд, чун ба қавли ӯ дар интихобот шикасти сахте хӯрданд.

Мақомҳои баландпояи амниятии Амрико рӯзи панҷшанбеи 5 январ дар Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат эълон карданд, ки ҳамлаҳои кибернетикии Русия "таҳдиде бузург" барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Ҷеймс Клаппер, мудири истихбороти миллии Амрико, Майк Роҷерз, мудири Оҷонсии амнияти миллии Амрико ва Марсел Леттр, муовини истихбороти вазорати дифоъ, дар кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат ҳузур ёфтанд. Ин кумитаро сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон МаКейн, аз мунтақидони сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, раҳбарӣ мекунад.

Мақомҳои истихборотии Амрико Русияро таҳдиде барои бахшҳои бузурге аз манфиатҳои Амрико хонданд, зеро ба гуфтаи онҳо, "Маскав аз барномаи бисёр пешрафта ва таҳоҷумии кибернетикӣ" ва бо қобилиятҳои печида, истифода мекунад. Ин мақомҳо дар баёнияи муштараки худ гуфтанд, "Русия як бозигари тамом аёри кибернетикӣ аст, ки таҳдиди бузурге барои давлат, артиш ва зерсохторҳои дипломатӣ, тиҷорӣ ва ҳассоси Арикост."

Ҳафтаи гузашта Барак Обама дар вокуниш ба "ҳамлаҳои кибернетикӣ"-и Русия, 35 дипломати русро аз Амрико ихроҷ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG