Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадорони Аврупо ба Трамп: Путин шарики боэътимод нест


Як гуруҳ аз сиёсатмадорони Аврупо бо нашри муроҷиатномае дар "Вашингтон пост" Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА-ро аз паёмадҳои бади "муомилаи бузург" бо Русия огаҳ кардаанд. Муаллифони нома ҳушдор додаанд, ки Владимир Путин ҳампаймони Амрико ва шарики боэътимоди байналмилалӣ нест. Ба гуфтаи онҳо, муомилаи Амрико бо Русия сулҳ нахоҳад овард. "Баракс, эҳтимоли ҷангро зиёд мекунад. Зеро Путин гузаштро нишонаи заъф медонад", - омадааст дар муроҷиатнома.

Сиёсатмадорон афзудаанд, ки президенти Русия нияти некро ҳамчун имкониятҳои худ қабул мекунад. "Путин бузургии Амрикоро намехоҳад ва аз аврупоиҳо, ки бо амрикоиҳо арзиш ва тарзи ҳаёти муштарак доранд, фарқ мекунад", - гуфтаанд муаллифони муроҷиатнома.

Ба гуфтаи 15 сиёсатмадор аз Аврупои шарқӣ ва шимолӣ, идомаи талошҳои Русия барои ноором сохтани Украина ва ғасби Қрим ба сулҳу субот ва амнияти он чизе, ки амрикоиҳо ҳамроҳ бо аврупоиҳо тавонистанд, баъди пирӯзӣ дар ҷанги сард созанд, хатар дорад. "Мо нигаронем, ки дурнамои муомилаи нави бузург бо Русия ин дастовардҳои таърихиро зери хатар мегузорад", - зикр шудааст дар нома.

Лағви таҳримҳои зидди Русия ва эътирофи ба қисматҳо ҷудо кардани Украинаро сиёсатмадорон иштибоҳи бузург хондаанд.

XS
SM
MD
LG