Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихбороти Амрико: "Русия дар интихоботи ИМА дахолат кардааст"


Мақомҳои баландпояи амниятии Амрико рӯзи панҷшанбеи 5 январ дар Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат эълом карданд, ки ҳамлаҳои кибернетикии Русия "таҳдиде бузург" барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Ба гузориши хабаргузории "Райтерз", ибрози нигаронии мақомҳои амниятии Амрико дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раиси мунтахаби Амрико дар дурустии иттиҳомоти воридшуда дар мавриди ҳамлаҳои кибернетикии Русия ба Ҳизби демократ, шакк карда буд. Доналд Трамп имрӯз, ҷумъаи 6 январ бо мақомҳои иттилоотӣ ва амниятии Амрико дидор мекунад ва ӯ аз ҷузъиёти ҳамлаҳои кибернетикӣ ба Ҳизби демократ, дар ҷараён гузошта мешавад.

Ҷемс Клаппер, мудири истихбороти миллии Амрико, Майк Роҷерз, мудири Оҷонсии амнияти миллии Амрико ва Марсел Леттр, муовини истихбороти вазорати дифоъ, дар кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат ҳузур ёфтанд. Ин кумитаро сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон МаКейн, аз мунтақидони сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст, раҳбарӣ мекунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико.

Мақомҳои истихборотии Амрико Русияро таҳдиде барои бахшҳои бузурге аз манфиатҳои Амрико хонданд, зеро ба гуфтаи онҳо, "аз барномаи бисёр пешрафта ва таҳоҷумии кибернетикӣ" ва бо қобилиятҳои печида, истифода мекунад. Ин мақомҳо дар баёнияи муштараки худ гуфтанд, ки "Русия як бозигари тамом аёри кибернетикӣ аст, ки таҳдиди бузурге барои давлат, артиш ва зерсохторҳои дипломатӣ, тиҷорӣ ва ҳассоси Арикост."

Ҳафтаи гузашта Барак Обама дар вокуниш ба "ҳамлаҳои кибернетикӣ"-и Русия, 35 дипломати русро аз Амрико ихроҷ кард. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", мақомҳои истихборотии Амрико рӯзи панҷшанбе дар Кумитаи мусаллаҳ гуфтанд, ки Русия бидуни ҳеҷ шубҳа, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дахолат кардааст.

Ҷеймс Клаппер ба Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳ гуфтааст, ки "мо қотеътар бар қуввати баёнияи ҳафтуми октябр таъкид мекунем". Вазорати амнияти дохилии Амрико ва ҷомеаи иттилоотии Амрико рӯзи ҳафтуми октябри соли гузашта эълом карда буданд, ки ба дахолати хориҷӣ ва аз ҷумла дахолати русҳо дар интихобот, итминон доранд.

Ҳиллари Клинтон дар интихобот рақиби Доналд Трамп буд ва шикаст хӯрд.
Ҳиллари Клинтон дар интихобот рақиби Доналд Трамп буд ва шикаст хӯрд.

Мудири истихобороти миллии Амрико изҳор дошт, ки Барак Обамаро аз ҳамлаҳои кибернетикии Русия ва дигар тарафҳои хориҷӣ дар интихоботи Амрико, дар ҷараён гузоштаанд. Клаппер аз сӯҳбат кардан дар бораи ин ки оё ҳамлаҳои ҳаккерии русҳо ба ҳадафи ҳимоят аз Трамп буд, худдорӣ кард, аммо гуфт, ки ҳамлаҳо дар умум натоиҷро тағйире надод.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Доналд Трамп ба гузориши ниҳодҳои истихборотии Амрико шаку шубҳа намудааст. Вай ҳамчунин расонаҳоро муттаҳам сохтааст, ки раиси ҷумҳури мунтахабро дар рӯёрӯӣ бо созмонҳои истихборотӣ қарор додаанд. Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки вай иддаои Ҷулиан Ассанҷ дар мавриди дахолат надоштани Русия дар интиқоли емейлҳои демократҳо ба Викиликсро таъйид накардааст.

XS
SM
MD
LG