Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳамлаи Толибон ба манзили узви порлумони ин кишвар аз вилояти Ҳилманд 8 нафарро кушта ба ҷой гузошт. Ба гуфтаи мақомот, нерӯҳои амниятӣ 3 ҳамлагарро субҳи 22 декабр аз байн бурданд.
Масъулияти ин ҳуҷумро, ки шоми рӯзи 21 декабр шурӯъ шуд, ҷунбиши Толибон бар дӯш гирифт ва гуфт, ки онҳо "ҷамъомади муҳими мақомоти амниятӣ"-ро ҳадаф қарор доданд. Фаридун Убайдӣ, раҳбари бахши бозҷӯиҳои ҷиноятии пулиси Кобул, гуфт, Мир Валӣ - намояндаи мардумӣ дар порлумони Афғонистон, ки ҳамла дар манзили ӯ сурат гирифт, ба хотири фирор аз ҳуҷум худро аз бом ба зер афканд ва бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфт.
Аз маъмурияти раиси ҷумҳур гуфтанд, "президент Ашраф Ғанӣ ҳамла ба манзили Мир Валиро, ки дар он ду узви хонаводаи Валӣ, муҳофизони ӯ ва писари як намояндаи дигари порлумон аз Урузгон Убайдулло Борикзай низ қурбон шуданд, шадидан маҳкум кард".