Интизор меравад, ҳайати ҳукумати Узбакистон ба раҳбарии муовини сарвазир Рустам Азимов 26 декабр барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ вориди Душанбе шавад. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҷонибҳо дар Душанбе масъалаи содда гардондани низоми раводид миёни ду кишварро, ки соли 2000 ҷорӣ шудааст, баррасӣ ва дар бораи боз кардани роҳҳои заминӣ - роҳи оҳан ва равуои автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон созиш кунанд.
Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар марзи кишвар бо Узбакистон гузаргоҳҳои нави марзӣ боз ва ҳамкориҳо миёни мақомоти гумруки ду кишвар беҳтар хоҳад шуд.
Аз ибтидои соли 2017 Тошканд мехоҳад, дар Душанбе намоишгоҳи бузурги маҳсулоти Узбакистон, аз саноати мошин то маводи ғизоиро баргузор кунад. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбаку тоҷик дар таърихи ду кишвар барпо шавад.
Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин дар ояндаи наздик метавонанд дар бораи ҷудо кардани бурсияҳои таҳсил ба донишҷӯёни ҳамдигар низ ба созиш бирасанд. Беҳтар шудани масъалаи ташкили сафари ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои ҳамдигар низ истисно нест.