Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хост, ҷараёни додани шаҳрвандӣ осон шавад


Владимир Путин хост, ҷараёни додани шаҳрвандии Русия ба сокинони кишварҳои Шӯравии собиқ осон карда шавад. Раиси ҷумҳури Русия рӯзи 2 декабр дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои президентӣ оид ба фарҳанг ва Шӯрои забони русӣ гуфт, махсусан барои афроди эҷодкор расмиёт камтар гардад. Аммо Путин гуфт, содда кардани низоми додани шаҳрвандӣ набояд амнияти Русияро таҳти суол барад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, дар Русия 10 миллион нафар дар ҳолати ғайриқонунӣ ба сар мебаранд ва чунин вазъ дар шаҳрҳои бузург сокинонро нигарон кардааст. Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз 300 000 нафар аз сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, вале дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо дар баҳои шаҳрвандии Русия аз табаияти Тоҷикистон комилан даст кашидаву чанд нафари дигар дар баробари шиносномаи русӣ шиносномаи тоҷикиашро низ барои як рӯзи мабодо ҳифз кардааст. Вале қонунҳои Тоҷикистон аз ин ба баъд иҷоза намедиҳанд, ки афроди дорои душаҳрвандӣ ба кор дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои Кумитаи давлатии амнияти милл қабул шуда, ба кори адвокатӣ машғул шаванд.

Гузоришҳои видеоӣ

Кумакхоҳии як зани тоҷик аз Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG