Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон даъват кард, то бо ирсоли як нома аз мақомоти кишварашон дархост кунанд, ки фаъолон Макс Бокаев ва Талгат Аян фавран ва бидуни шарт озод карда шаванд. Бокаев ва Аян дар ташкили тазоҳуроти 24 апрели Атирауи Қазоқистон зидди пешниҳоди ҳукумат барои ислоҳоти замин айбдор мешаванд.
Ин дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки "тамоми айбҳо зидди фаъолони қазоқ сохта буда, мақомот мехоҳанд, барои фаъолияти онҳо дар самти ҳуқуқи инсону ҷомеаи шаҳрвандӣ қасос гиранд".
Созмон бар пояи хабари нозирон мегӯяд, аз оғози муҳокимаҳои додгоҳӣ меъёрҳои адолат ва қонун поймол шудаанд ва хостааст, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон барои раҳоии Бокаев ва Аян ба унвони мақомоти олӣ ва адлияи ин кишвар нома фиристанд.