Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишғоли идораи полис дар Ереван аз сӯи афроди мусаллаҳ


Ҳангоми аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳ ишғол шудани идораи полиси ноҳияи Эребунии Ереван, пойтахти Арманистон, як нафар кушта ва чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои шабакаи телевизионии "Еркир медиа", ин ҳодиса субҳи рӯзи 17 июл ба вуқуъ пайваст. Дар бораи ҳуввияти осебдидагон дар ин ҳамла алҳол иттилое нест.

Баъзе аз расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ҳамлагарон муовини раиси полиси шаҳри Ереван Валерий Осипянро гаравгон гирифтаанд. Атрофи бинои идораи полисро низомиён печонида гирифтаанд, раиси полиси Арманистон Владимир Гаспарян ҳам дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки субҳи якшанбе гурӯҳи афроди мусаллаҳ бинои идораи полис ва нерӯҳои дохилиро ишғол намуда, талаб карданд, ки ҳамоҳангсози як созмони мухолифи давлат Жирайр Сефилян озод карда шавад. Сефилянро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мехонанд.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Ереван, субҳи барвақт афроди мусаллаҳ дар чанд мошини боркаш дарвозаи идораи полисро шикаста вориди бино шуданд.

XS
SM
MD
LG