Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамлаи хунин дар ҷануби Яман


Адани ҷангзада
Адани ҷангзада

Бино ба хабарҳо, шаҳри бандарии Адан дар ҷануби Яманро ду ҳамлаи бомбгузорони маргталаб такон дод. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ҳамлаи як мошини бомбгузоришуда болои ҷавононе, ки барои сбати ном дар артиши Яман навбат мепоиданд, мунҷар ба ҳалокати дастикам 20 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тани дигар шуд.

Таркиши дувум баъди чарнд лаҳза дар як пойгоҳи низомӣ рух дод. Шумори куштаву захмишудаҳо бар асари ин ҳамлаи интизҳорӣ ҳанӯз рӯшан нест. Ягон гурӯҳ то ҳол масъулияти ин ҳамлаҳро бар дӯш нагирифтааст. Вале масъулияти ҳамлаҳои хунини қаблӣ алайҳи нирӯҳои давлатиро, ки моҳи июли соли 2015 бо кумаки эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ чирикиҳо аз қабилаи ҳусиҳои шиъаро аз Адан берун андохтанд, гурӯҳҳои тундраве, чун Ал-Қоида ва “Давлати исломӣ” иддао карда буданд.

XS
SM
MD
LG