Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ИМА ва Русия ба эҳёи гуфтушуниди Сурия


Вашингтон ва Москва аз ҷонибҳои даргир дар Сурия талаб карданд, ба ҳамагуна ҳамлаҳо дар минтақаҳои аҳолинишин хотима диҳанд.

ИМА ва Русия уҳдадориҳояшонро барои қатъи амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ва нияташон ба хотири тақвияти ҳалли сиёсии низоъ дар ин кишварро баён карданд. Дар ин бора рӯзи душанбе дар сомонаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Департаменти давлатии ИМА изҳороти муштараки нашр гардид.

Вашингтон ва Москва аз ҷонибҳои даргир дар Сурия хостанд, ба ҳамагуна амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои аҳолинишин, аз ҷумла иншооти инфрасохтории маданию муассисаҳои тиббӣ хотима бахшанд. Инчунин онҳо аз Димишқ ва гуруҳҳои мухолифи Сурия талаб карданд, барои дастрасии фаврӣ ва устувори ҳамаи ниёзмандон дар қаламрави ин кишвар ба кумаки башардӯстона иҷоза дода, гуфтушуниди Женеваро азсар бигиранд.

Рӯзи душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров суҳбати телефоние анҷом дод, ки дар ҷараёни он талошҳо барои ҳалли низоъ дар Сурия баррасӣ шуд. Инчунин ба аҳамияти ҳамоҳангии низомиёни Русияву Амрико, аз ҷумла дар доираи маркази амалиётҳои муштараки таъсисёфта дар Женева таъкид гардид.

XS
SM
MD
LG