Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ барои хатми ҷанг аз Эрон кӯмак хост


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Эрон хост, ки бо истифода аз нуфузи худ кӯмак кунад, то ҷангҳо дар Яман ва Сурия хотима ёбанд ва ин кор беҳтар аз ташвиқи “нооромӣ” дар минтақа хоҳад буд.

Керрӣ дар ҷараёни боздиди худ аз кишварҳои ҳампаймони Амрико дар Халиҷи Форс дар нишасти хабарии Баҳрайн “фаъолиятҳои нооромкунанда”-и Эронро маҳкум кард ва гуфт, ки Амрико ин корро хеле ҷиддӣ мегирад.

Вай ёдоварӣ кард, ки флоти панҷуми Амрико мустақар дар Баҳрайн ҳафтаи гузашта як амбори силоҳро пайдо кард. Ин аслиҳаро Эрон мехост ба шӯришиёни Ҳусӣ дар Яман бифиристад, то онҳо бар зидди ҳукумат биҷанганд.

Дар ҷараёни боздиди худ аз ин кишвари рақиби Эрон дар Халиҷи Форс Ҷон Керрӣ аз тавофуқоти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ва аз лағви таҳримҳои зидди Эрон дифоъ кард. Лағви ин таҳримҳо ба рушди иқтисоди Эрон замина фароҳам меорад.

Вале Ҷон Керрӣ ёдоварӣ кард, ки Амрико ва ҳампаймонҳои арабиаш аз мавзеъгириҳои Амрико бар зидди фаъолиятҳои мушакии Эрон дифоъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG