Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши "Номаҳо аз Помир" дар Бишкек


Жанил Жусупжан, муаллифи "Номаҳо аз Помир" ва корманди бахши қирғизии Озодӣ
Жанил Жусупжан, муаллифи "Номаҳо аз Помир" ва корманди бахши қирғизии Озодӣ

Дар Хонаи кинои Бишкек - пойтахти Қирғизистон нахустин намоиши филми ҳуҷҷатии "Номаҳо аз Помир" - филм дар бораи қирғизҳои Ҷиргатоли Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора Департаменти филмсозони Қирғизистон хабар додааст.

Ин филм аз рӯзгори сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон қисса мекунад. Муаллиф муваффақ шудааст, ки эҳсоси кӯҳистониҳои ватангумкардаро ба навор гирад. Ин филм бо пуштибонии созмонҳои "Чагалдак филмз"-и Қирғизистон, "Cinedoc"-и Фаронса, сафорати Швейтсария ва Бюрои ҳамкории Швейтсария дар Қирғизистон сохта шудааст.

Коргардони филм - корманди бахши қирғизии Радиои Озодӣ Жанил Жусупжан аст.

Дар ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон теъдоди муайяни қирғизтаборон ба сар мебаранд, ки бахши умдаи аҳолии ин ноҳияро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG