Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз шаҳрвандони ИМА хостанд, ки ҷануби Туркияро тарк кунанд


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ва вазорати мудофиаи он кишвар қарор карданд, ки хонаводаи дипломатҳо ва низомиёни амрикоӣ ба хотири афзоиши таҳдидҳои террористӣ вазифадоранд минтақаҳои ҷанубии Туркияро тарк кунанд.

Ин дастур ба кормандони консулгарии ИМА дар шаҳри Адан, низомиёни пойгоҳи амрикоӣ дар наздикии Инҷирлик ва ҳамчунин оилаҳои шаҳрвандони амрикоӣ дар вилоятҳои Измир ва Муғлаи Туркия дахл дорад.

Питер Кук, намояндаи Пентагон зикр кард, ки чунин тасмим ба таҳдиди муайяне рабт надорад, аммо ин қарор аз эҳтиёт гирифта шудааст, ки ҳадафаш пешгирӣ аз зери хатар мондани инсон аст.

Ҳамзамон мақомоти ИМА ба шаҳрвандони худ машварати худдорӣ аз сафар ба Туркияро такрор карданд. Зеро дар ин кишвар эҳтимоли вуқӯи амалҳои террористӣ вуҷуд дорад.

Як рӯз пеш ҳушдори ба ин монандро шаҳрвандони Исроил аз мақомоти худ гирифтанд. Ба онҳо машварат дода шуд, ки Туркияро зуд тарк карда, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG