Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии Тоҷикистон ҳодисаи кордзаниро таҳқиқ мекунад


Дипломатҳои Тоҷикистон ба таҳқиқи моҷарои шаби якшанбе дар шаҳри Санкт-Петербург пардохтанд. Дар як моҷарое, ки эҳтимолан миёни як шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон рух додааст, як марди озарӣ ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол ёфт. Матбуоти русӣ аз қавли Кумитаи тафтишоти Русия менависад, ки ин ҳодиса шоми 13 март дар назди хобгоҳи донишгоҳи ба номи Гертсени шаҳри Санкт-Петербург рух дод. Дар натиҷаи моҷарои миёни ду мард, гӯё шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди Озарбойҷон бо корд ҳамла карда ӯро маҷрӯҳ кардааст. Дар натиҷа, марди озарӣ ба бемористони рақами 26 ин шаҳр интиқол ёфт. Ин ду мард, менависад матбуот, ҳеҷ рабте ба донишгоҳи мазкур надоштааст. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки сабаби моҷаро – як зани тоҷик шудааст. Ҳанӯз тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас нест. Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод, ки ин ҳодисаро консулгарии Тоҷикистон дар Петербург таҳқиқ мекунад ва баъди дарёфти иттилои кофӣ, хабар дар ихтиёри матбуот гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG