Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошноии Э.Раҳмон бо рафти сохтмони масҷид


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷкистон рӯзи 26 декабр бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе ошно шудааст. Ин масҷид бо сармояи Қатар бунёд мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ин масҷид бояд то соли 2018 мавриди истифода қарор дода шавад.

Санги таҳдоби ин масҷид дар соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 солагии Имом Абуҳанифа гузошта шуд буд. Тибқи нақша, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд ва дар майдони ҳафтуним гектар бунёд мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин масҷидро ширкатҳои “СТС - Иншоот” ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Сомон таҷҳизот” пеш мебаранд. Дар ин иншоот ҳудуди 700 коргари маҳаллӣ кор мекунанд. Мақомоти тоҷик қаблан гуфта буданд, ки ин масҷид бо 70 миллион доллар сармояи Қатар ва 30 миллион долар сармояи Тоҷикистон бунёд мешавад.

XS
SM
MD
LG