Русия гуфт, дар Сурия мушакҳои зиддиҳавоияшро мустақар кардааст. Фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Русия генерал-полковник Виктор Бондарев рӯзи 5 ноябр ба нашрияи “Комсомолская правда” гуфт, Русия бар асоси “ҳисобукитоби таҳдидҳои эҳтимолӣ” даст ба чунин иқдом задбааст. Ӯ аз ҷумла гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангиро метавонанд дар кишвари ҳамсояи Сурия рабуда, барои ҳамла ба нирӯҳои Русия истифода баранд. Вале ӯ шарҳ надод, ки оё Русия ба Сурия кадом навъи шабакаҳои мушакҳои зиддиҳавоӣ фиристодааст.Бондарев гуфт, Русия дар ҳоли ҳозир дар он кишвари арабӣ беш аз 50 ҳавопаймову чархбол дорад. Маскав аз рӯзи 30 сентябр ба бомбборони мавқеъҳои, ба гуфтааш, “террористҳо” дар Сурия шурӯъ кардааст, вале Амрико ва муттаҳидонаш мегӯянд, тақвияти дахолати низомии Русия дар низои Сурия таҳкими ҳукумати президент Башор Асадро ба ҳадаф дорад.