Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довудоғлу: Минтақаи орӣ аз ДИИШ ташкил мешавад


Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, Анкара дар марзҳои шимоли Сурия минтақаи амниятиеро ба хотири дифои мардум аз ҳамлаҳои нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва ситезаҷӯён аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ташкил хоҳад кард. Дар сӯҳбат бо Би-Би-Си шоми 11 август ӯ гуфт, ки минтақаи амниятӣ на аз сӯи нерӯҳои Туркия, балки аз тарафи гурӯҳҳои мӯътадили мухолифини ҳукумати Башор Асад назорат карда хоҳад шуд.

Аммо Довудоғлу таъкид кард, ки дар сурати таҳдидҳо дар он қаламрав Туркия метавонад аз нерӯҳои мусаллаҳаш истифода барад.

Аз ин пеш рӯзи сешанбе вазорати умури хориҷии Туркия изҳор намуд, ки ИМА ва Туркия барои ташкили минтақаи амниятии паҳнояш 45 километр ва тулаш 98 километр дар шимоли Сурия ба созиш расиданд. Қарор аст, ки ин минтақа аз сӯи Артиши озодихоҳи Сурия назорат шавад. Аммо Марк Тонер, намоядаи вазорати умури хориҷаи ИМА, ин иддаоро рад намуд ва гуфт, ки дар бораи ягон хел минтақа ягон созиш ҳосил нашудааст.

Раҳбарони сиёсии курдҳои муқими Туркия мегӯянд, “минтақаи амн” – баёнгари нигаронии Анқара аз талоши курдҳои шимоли Сурия барои ташкили қаламрави мустақили худ дар марзҳои Туркия аст.

XS
SM
MD
LG