Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел хостори таҳқиқи марги Алиев шуд


Яке аз охирин аксҳои Расим Алиев
Яке аз охирин аксҳои Расим Алиев

Иттиҳодияи Аврупо ва чанд созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар рӯзи 11 август аз мақомоти Озарбойҷон хостори тафтиши воқеъбинона ва комили ҳалокати хабарнигор Расим Алиев шуданд.

Хабарнигори озарӣ Расим Алиев баъд аз як ҳамла дар шаҳри Боку рӯзи якшанбе, 9 август аз олам даргузашт. Ӯ шоми шанбе аз сӯи пайвандони бозингари дастаи футболи маҳаллии “Габала” Ҷовид Ҳусейнов шадидан латукӯб шуда ба бемористони клиникии рақами яки шаҳри Боку интиқол ёфта буд, навиштанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бар пояи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Расим Алиевро барои он латукӯб карданд, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук Ҷовид Ҳусейновро танқид карда буд. Гуфта мешавад, Расим Алиев футболбозро барои он сарзаниш кард, ки ӯ баъд аз як бозӣ дар Қибрис парчами Туркияро болои сар боло кард ва ба саволи хабарнигори қибрисӣ дар ин бора посухи ҳақоратомез дод. Расим Алиев навишт, ки ин гуна афроди дур аз фарҳанг набояд футболи Озарбойҷонро дар Аврупо муаррифӣ кунанд.

Полиси Озарбойҷон хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса чанд нафар, аз ҷумла, Элшан Исмоилов, хоҳарзодаи Ҷовид Ҳусейнов боздошт шудаанд.

Дувоздаҳ гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар ба шумули “Варзиш барои ҳуқуқи башар”, Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки, созмони байнулмилалии пуштибонӣ аз расонаҳои хабарӣ, Маркази амрикоии ПЕН аз даъвати тафтиши пурраи ҳодиса пуштибонӣ кардаанд. Созмони “Варзиш барои ҳуқуқи башар” марги Алиевро куштор номид ва гуфт, ин ҳодиса баёнгари он аст, ки танқид дар Озарбойҷон назар ба солҳои пеш хатарбортар мешавад.

XS
SM
MD
LG