Як рассоми украинӣ аз 5 ҳазор гилзаи истифодашуда расми раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро кашид ва ба он “Чеҳраи ҷанг” ном ниҳод.
Даря Марченко, рассоми 33-сола, Путинро хело воқеъӣ дар костюми сиёҳ ва галстуки сурх тасвир кардааст. Баландии расм беш аз ду метр аст ва алҳол дар дохили хона-студияи хонум Марченко гузошта шудааст. "Ибтидо хобидан дар он хона бароям ваҳшатнок буд, аммо баъдан одат кардам”, мегӯяд Даря Марченко.
Ба гуфтаи рассом, ҷанг зиндагии мардуми зиёдеро шабеҳи гилзаҳои холӣ кардааст ва агар афроде, ки ба сарзамини Украина таҷовуз кардаанд, инро дарк кунанд, шояд ҷанг дар шарқи Украина густариш наёбад.
Гилзаҳои холиро барои портрети Путин ихтиёриён аз ҷойи даргириҳо дар фурудгоҳи Донетск ва дигар мавзеъҳои Донбасс ҷамъ оварданд.