Мариа Гайдар-сиёсатмадори Русия, ки дар миёнаи моҳи июл муовини раиси вилояти Одесаи Украина таин шуд, шаҳрвандии Украинаро гирифт.
4 август дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Украина гуфт, президент Петро Порошенко фармон дар бораи шаҳрвандиро имзо кард ва шиносномаи Украинаро ба вай тақдим намуд.
17 июл Михаил Саакашвилӣ-раиси вилояти Одесса эълон кард, ки хонум Гайдарро муовини раиси вилоят дар масъалаҳои иҷтимоӣ таин кардааст.
Мариа Гайдар 32 сола аст ва духтари Егор Гайдар-нахуствазири пешини ислоҳоттадаби Русия дар даврони раёсати Борис Елтсин мебошад. Мариа мунаққиди ошкори Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аст.