Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон Картер ба Ховари Миёна рафт


Эштон Картер
Эштон Картер

Эштон Картер, вазири дифои ИМА, сафари худ ба Ховари Миёнаро рӯзи 19 июл аз Исроил шурӯъ кард. Қарор аст, ки ӯ ҳамчунин ба Арабистони Саъудӣ ва Урдун рафта бо мақомоти ин кишварҳо дидору гуфтугӯ кунад.

Коршиносон ин сафарро “тарғиботӣ” мехонанд ва мегӯянд, ки Картер бо супориши раисиҷумҳур Барак Обама бояд созиши ҳастаӣ бо Эронро ба сарони кишварҳои нигарон аз ин тавофуқ ташреҳ кунад ва онҳоро ба пуштибонии амниятии Вошингтон мутмаин созад.

Қарор аст, ки раҳбари Пентагон рӯзи сешанбе бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху мулоқот кунад, ки имзои созиши ҳастаӣ бо Эронро иштибоҳи бузург мехонад.

Як рӯз аз ин пеш Барак Обама ба мунаққидони дохилии созиши ҳастаӣ бо Эрон посух гуфт ва дар паёми ҳафтаинааш таъкид кард, ки "бидуни ин созиш мо шоҳиди ҷанги нав дар нооромтарин минтақаи олам хоҳем шуд». Ӯ афзуд, ки созиши ҳастаӣ Эронро аз бомби ҳастаӣ дуртар мекунад. Ва дар сурати аз сӯи Теҳрон иҷро нашудани созиш, гуфт Обама, таҳримҳо алайҳи Эрон дубора эҳё карда хоҳанд шуд.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG