Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекор шудани нафақаи беш аз 2 ҳазор маъюб дар Кӯлоб


Шаҳри Кӯлоб.
Шаҳри Кӯлоб.

Тибқи иттилои масъулони Агентии суғуртаи иҷтимоии нафақаи минтақаи Кӯлоб муддати як соли ахир нафақаи беш аз 2 ҳазор аз афроди нафақаҳои маъюбӣ, бекор карда шудааст. Ҷӯрахон Қурбонов, сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоии нафақаи минтақаи Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 15 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нафақаи 2 ҳазору 180 нафар аз нафақагирони маъюбӣ, дар пайи санҷиши шартномаи сетарафаи Агентии суғуртаи иҷтимоии нафақа, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва “Амонатбонк” бекор карда шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, ин санҷиш нишон дод, ки сокинон бо роҳҳои мухталиф, санадҳо таҳия карда ва худро ҳамчун маъюби гурӯҳи 1, 2 ва 3 сабт намуда ва ба ин восита аз ҳисоби давлат нафақапулӣ мегирифтанд. Ба ин тартиб, ба гуфтаи Ҷӯрахон Қурбонов, теъдоди нафақагирони маъюбӣ аз 24 ҳазор дар минтақаи Кӯлоб, ҳамакнун ба 21 ҳазору 920 нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони Агентии суғуртаи иҷтимоии нафақа дар минтақаи Кӯлоб, аз 21 ҳазору 920 нафар нафақагирони маъюбӣ 5 ҳазорашон тибқи шартнома дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд. Ин афрод аз давлат ҳам нафақаи маъюбӣ ва ҳам маош мегиранд.

XS
SM
MD
LG