Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як шабонарӯз дар Ироқ 19 нафар ба қатл расид


4 июл дар як силсила бамгузориҳо дар Ироқ 19 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.Як таркиши марговар дар маҳаллаи Амили Бағдод рух дод ва дар он 9 нафар кушта, 24 нафар захмӣ шуданд. Мағозаҳои атроф ва мошинҳо осеб диданд.

Пеш аз ин дар назди истгоҳи автобуси мусофирбар дар Бағдод як мошини бамгузоришуда таркид. 3 нафар кушта, 15 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар шаҳраки Маҳмудия дар ҷануби Бағдод дар ҳамин гуна бамгуорӣ 3 нафар ба қатл расиданд. Дар як тарабхона дар шаҳраки Балад Руз дар 70 километрии шимоли шарқи Бағдод низ мошини дигари бамгузоришуда таркид ва дар он 4 кас кушта, 14 нафар захм бардоштанд. Касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар душ нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG