Пайвандҳои дастрасӣ

9 нафар дар калисое дар Амрико кушта шуданд


Дар шаҳри Чарлстони аёлати Каролинаи Ҷанубии Амрико шоми рӯзи чаҳоршанбе як шахси номаълум ба сӯи калисои африқоӣ-амрикоӣ оташ кушод. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ 8 нафар кушта шудаанд. Як нафари дигар дар бемористон ҷон додааст. Як нафари дигар бистарӣ шудааст.

Дар миёни кушташудагон раҳбари рӯҳонии калисо ва Клемента Пинкней-сенатори аёлат низ ҳастанд.

Шахсе, ки оташ кушодааст, тахминан марди сафедпӯсти 20 сола будааст ва вайро пулис ҷустуҷӯ мекунад. Грегорӣ Маллен –раиси пулиси Чарлстон изҳор доштааст, ки ин ҷиноят дар заминаи бадбинӣ анҷом гирифтааст.

Калисои африқоии қарни 19 Эммануил яке аз қадимтарин калисоҳо дар Амрико ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG