Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Узбакистон дар ҳамдастӣ бо ДИИШ айбдор мешавад


Як ҷиҳоии узбак дар Сурия (акс аз бойгонӣ)
Як ҷиҳоии узбак дар Сурия (акс аз бойгонӣ)

Як шаҳрванди Узбакистон панҷумин нафаре шуд, ки дар ҷалби амрикоиҳо ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” айбдор мешавад.

Акмал Зокирови 29-сола ҳангоми баррасии парвандааш дар Додгоҳи федеролии Бруклини ИМА рӯзи 11 июн ду нуктаи асосии иттиҳом, аз ҷумла, кумаки молиявӣ ба созмони террористиро рад кард. Қарор аст, ӯ рӯзи 16 июн ҳамроҳ бо чаҳор гумонбари дигар – шаҳрвандони Узбакистон Абдурасул Ҷӯрабоев, Дилҳаёт Қосимов ва Аброр Ҳабибов ва сокини Қазоқистон Аҳрор Саидаҳмадов дар додгоҳ ҳозир шавад.

Додситонҳо мегӯянд, ки Саидаҳмадов ва Ҷӯрабоев мехостанд, ба Сурия рафта аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” биҷанганд. Ин ду нафар гуфтаанд, ки Зокиров ва Ҳабибов онҳоро бо маблағ барои сафар ба Сурия таъмин кардаанд. Гуфта мешавад, ҳафт рӯз пеш аз сафари Саидаҳмадов чанд нафар ба ҳисоби бонкии Зокиров 2400 доллар ворид намуданд.

Агар иттиҳом тасдиқ шавад, ба Акмал Зокиров 30 соли маҳбас таҳдид мекунад. Дигар гумонбарон гуноҳро ба гардан нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG