Ангела Меркел-нахуствазири Олмон бори дигар ёдовар шуд, ки бозгашти Русия ба гурӯҳи Ҷӣ-7, яъне 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон баъд аз гирифтани Қрим ғайри қобили тасаввур аст.
Меркел гуфт: “Узвияти Русия ҳоло қобили тасаввур аст. Ҷӣ-7 аз гурӯҳи кишварҳое иборат аст, ки арзишҳои демократиро роият мекунанд ва авлавияти қонунро бартар мешуморанд”.
Меркел гуфт, ки Русия ҳамчунон метавонад дар таркиби кишварҳои гурӯҳи 20 ё Ҷӣ-20, ки аз кишварҳои дар ҳоли рушд иборат аст, дар равандҳои ҷаҳонӣ ширкат кунад. Дар ин гурӯҳ Чин ва Ҳиндустон ҳам дохиланд.
Вай гуфт: “Мо наметавонем баъзе муноқишаҳоро, аз қабили Сурия бидуни Русия ҳал кунем. Ба ҳамин далел ман тамосҳои мунтазамро бо Владимир Путин ҳифз мекунам”.