Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маслиҳати ҳамсоядорӣ дар ҷашни 80-солагии Бодканд


Исфараву Бодканд дар маросиме дар ин ноҳияи Қирғизистон барномаҳоеро барои тақвияти муносибатҳои ҳамсоядорӣ ва ҳамкориҳо рӯи даст гирифтанд. Ҳайате аз Исфара ба даъвати ҳукумати Бодканд барои иштирок дар маросими таҷлили аз 80-умин солгарди таъсиси ин маҳалли сарҳадии Қирғизистон рафта, сари дастархони ҷашнӣ дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо ва рӯи даст гирифтани барномаҳои якҷоя, аз ҷумла фарҳангиву варзишӣ бо ҳам машварат кардаанд.

Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи вилояти Суғд дар Бодканд, 29 уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин маҳфил ҳайате ҳудуди 10 нафар аз Исфара, ба раҳбарии муовини аввали раиси ин ноҳия, раисони ҷамоатҳои бо Бодканд ҳаммарзи Шӯроб, Чоркӯҳ, Хонобод, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ин маҳфил ба гуфтаи вай ду рӯз пеш дар Бодканд баргузор шудааст. “Дар Бодканд аз мо хеле гарм истиқбол карданд ва маҳфил дар як фазои дӯстиву ҳмдигарфаҳмӣ ҷараён дошт. Аз ҳар ду ҷониб барои ҷоннок кардани ҳамкориҳо пешниҳодҳое ҷолиб ба миён гузошта, бо дилгармӣ пазируфта шуд. Аз ҷумла, пешниҳод намудем байни ҷамоатҳои ҳамсояи Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд, ки дар солҳои охир байни сокини ин маҳалҳои сарҳадӣ муноқишаҳое рух медод, мусобиқаҳои волейбол баргузор намоем,”-гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG