Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагон дар Кобул ба 14 нафар расид


СММ мегӯяд, ки шумораи кушташудагон дар ҳамалаи шабонаи Толибон ба меҳмонсарои Парк Палас ба 14 нафар расидааст. Баъд аз 7 соати муҳосираи ин меҳмонсаро 45 нафари дигар аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ наҷот дода шудаанд. Дар ин меҳмонсаро бештар шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд.

Як мақоми баландпояи Афғонистон, ки аз худ ном набурд, шумораи кушташудагонро таъйид кард ва гуфт, ки 5 нафари кушташудагон шаҳрвандони Афғонистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Аз хориҷиён ду нафар зан ва 7 мард будаанд.

Абдулраҳмон Раҳимӣ-фармондеҳи пулиси Кобул мегӯяд, ки як амрикоӣ, як итолёӣ ва 5 шаҳрванди Ҳиндустон ба қатл расидаанд. Се ҳамлакунанда низ, ки зоҳиран камарбандҳои худкуш доштанд, ба қатл расидаанд.

Саид Гулоқо Рӯҳонӣ-муовини фармонденҳи пулиси Кобул ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, “3 ҳамлагар кушта шуданд ва онҳо имкон надоштанд, ки камарбанди интиҳории худро тарконанд”.

Соли гузашта низ афроди Толибон дар Кобул ду ҳамлаи бераҳмона анҷом дода буданд. Яке аз ин ҳамлаҳо ба тарабхона ва дигарӣ ба меҳмонхона анҷом гирифта буд.

Забиуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар изҳороте ба бахши Афғонистони озоди Радиои Озодӣ иддао кард, ки ин ҳамларо Толибон анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG