Субҳи рӯзи якшанбе дар минтақаи Навободи Хоҷа Машҳади шаҳри Қундуз дар минтақе, ки консулгарии Тоҷикистон воқеъ аст, як инфиҷор рух додааст. Аҷмал Ориян-хабарнигори бахши Афғонистони Озодаз шаҳри Қундуз аз қавли сухангӯи пулиси вилояти Қундуз гуфт, ки инфиҷор аз бинои консулгарӣ дур буда, касе аз кормандони он дар ин ҳодиса осеб надидааст.
Аҷмал Ориян аз қавли сухангӯи пулиси вилоят гуфт, афроди номаълум дар мошини Қадир-яке аз кормандони додситонӣ бамеро кор гузошта будаанд ва дар натиҷаи таркиш додситон ё соронвол Қадир ҷароҳат бардоштааст ва мошинаш ҳам хароб шудааст.
Ду тан аз раҳгузарон низ дар ин таркиш осеб дидаанд. Расидагӣ ба ин таркиш ва сабабҳои он идома дорад.