Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли зан барои фурӯши манзил дар Суғд


Насимҷон Ҷӯраев, сокини 45-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамсари собиқашро барои он ки бе иҷозаи ӯ манзилашонро фурӯхтааст, бо ду тир куштааст. Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, ин ҳодиса тақрибан соати 5-и бегоҳи 19-уми январ дар шаҳри Қайроққум рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҷӯраев вақте хабардор мешавад, ки ҳамсари собиқаш - Назира Ҷӯраеваи 42-сола ба хонаи хоҳари ӯ рафтааст, бо аслиҳаи шикориаш дар он ҷо ҳозир шуда, бо ду тир ӯро ба ҳалокат мерасонад. Вай ба пулис гуфтааст, ҳамсари собиқаш хонаи истиқоматии онҳоро соли 2003 бе иҷозаи ӯ фурӯхта буд ва кинаву кудурат байнашон ба ҳамин сабаб ба вуҷуд омадааст.

“Насимҷон Ҷӯраев ба аслиҳаи шикории тамғааш “И.Ж.” ҳуҷҷати соҳибӣ надошт ва ғайриқоннӣ нигаҳ медоштааст”,-афзуд манбаи мо дар Раёсати умури дохилӣ. Мусоҳиби мо афзуд, “ин зану шавҳар аз соли 2009 аз ҳама ҷудо шуда, хоҷагии якҷоя надоштаанд. Назира Ҷӯраева баъди ҷудоӣ аз шавҳар бо 3 кӯдаки хурд дар шаҳри Қайроққум, дар манзили падараш, зиндагӣ мекардааст.”

Ҳоло маъмурони пулис Насимҷон Ҷӯраевро боздошт карда, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “одамкушӣ”, парванда боз намудааст. Ӯ дар соли 1992 низ барои туҳмат як муддат умри худро паси панҷара гузарондааст.

XS
SM
MD
LG