Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони дуввуми гаравгонгирӣ дар Порис


Дар Порис бӯҳрони дуввуми гаравгонгирӣ пеш омадааст ва пулис як чопхонаро дар канори шаҳри Порис ба муҳосираи худ даровардааст. Бино ба гузоришҳо, қотилони эҳтимолии кормандони ҳафтаномаи Charlie Hebdo як нафарро дар гаравгонии худ нигоҳ медоранд.

Баъд аз чанд соати таъйини маҳали ду бародар, ки дар ин куштор даст доранд, мақомот гуфтанд, ки як марди мусаллаҳ дар мағозаи хӯрокфурӯшие дар шарқи шаҳри Порис 5 нафарро гаравгон гирифтааст ва садои тирандозӣ шунида мешавад. Дар ин тирандозӣ гӯё як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Ин мард ҳамон шахсест, ки 8 январ ду корманди пулисро низ бо оташи мусалсал ба қатл расонда буд.

Мақомоти расмии Фаронса мегӯянд, ки 88 ҳазор нафар нируҳои низомӣ дар саросари кишвар ба по хезонда шудаанд ва ҳазорон нафари дигар дар минтақаи шимолии Пикардӣ мустақар шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа 8 январ бародарон Шарифи 32 сола ва Саиди 34 солаяк маркази газдиҳиро ғорат кардаанд.

Эҳтимолан бародарон Шариф ва Саид Каушиҳо ҳамон мардони мусаллаҳе ҳастанд, ки 7 январ ба дафтари ҳафтаномаи Charlie Hebdo ҳамла бурданд ва дар ин ҳамла 12 нафар ба қатл расиданд. 8 нафари кушташудагон рӯзноманигорон ва ду нафари дигар кормандони пулис мебошанд.

XS
SM
MD
LG