Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор бандии Гуантанаморо ба Кобул доданд


Вазорати дифои Амрико гуфт, ки чаҳор бандии боздоштгоҳи Гуантанаморо ба Афғонистон баргардонидааст. Дар баёнияи Пентагон аз рӯзи 20-уми декабр гуфта мешавад, ки Шовалӣ Хон, Хиёлӣ Гул, Абдул Ғанӣ ва Муҳаммад Зоҳир, баъди бозрасии амиқи парвандаҳояшон ба Афғонистон додаанд. Як мақоми Амрико гуфт, ҳар чаҳор нафарро шабона бо ҳавопаймои низомии Амрико ба Кобул бурдаанд ва ба дасти мақомоти афғон супурдаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, тақрибан 6 соли пеш баъди расидан ба қудрат ваъда дод, ки боздоштгоҳи Гуантанаморо, ки дар қаламрави Куба аст, мебандад, зеро ин боздоштгоҳ сабаби латма дидани обрӯи Амрико дар саросари ҷаҳон шудааст. Вале ба сабаби мухолифати Конгресси Амрико ба Барак Обама муяссар нашуд, ки Гуантанаморо бубандад.

XS
SM
MD
LG