Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати қаторҳои Роҳи Оҳани Русия ба Тоҷикистон қатъ мешавад


Ширкати Роҳи Оҳани Русия хабар дод, ки сар аз 14 декабр ҳаракати қаторҳои он ба Тоҷикистон, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон қатъ мешавад. Намояндаи ширкат мегӯяд, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки ҳаракати қаторҳои РОР дар ин масирҳо харҷи худро ҷуброн намекунад. Аммо дар ҳамин ҳол ҳаракати қаторҳои Русия ба Беларус, Ӯзбакистон, Молдова ва Абхозистон бетағйир боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG