Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко раҳбари минтақаи Донетскро барканор кард


Серҳий Тарута
Серҳий Тарута

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко раҳбари рӯ ба Киеви минтақаи Донетскро аз вазифа барканор кард. Порошенко барканории Серҳий Тарутаро дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Краматорски минтақаи Донетск. Раисиҷумҳури Украина бо фармони дигар Олександр Кихтенкоро раҳбари нави ин минтақа таъин намуд. Расман сабаби барканории Тарута шарҳ дода нашуд, аммо хабаргузории ЮНИАН-и Украина хабар дода буд, ки Тарута дар як барқия 62-юмин зодрӯзро ба Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шодбош гуфтааст.

XS
SM
MD
LG