Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти котибони амнияти Созмони Шанхай дар Душанбе


Имрӯз дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз ёфт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ин нишаст, котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Чин, муовини котиби Шӯрои амнияти Узбакистон, котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва сохтори минтақавии зиддиттеррористии ин созмон ширкат доранд.

Қабл аз шуруъи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони ҳайатҳои ширкаткунанда мулоқот карда дар бораи нақши ин созмон сӯҳбат кардааст.

Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, дар ин вохӯрӣ масоили густаришу тақвияти ҳамкориҳо, ҳамчунин масоили марбут ба минтақаи СҲШ, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бар терроризм, ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарот мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ширкатдорони котибони Шӯрои амнияяти СҲШ дар мавриди эҳтимоли вазъ дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилал ё НАТО аз Афғонистон то поёнии соли ҷорӣ табодули назар хоҳанд кард.

Ин нӯҳумин мулоқоти котибони Шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Шанхай аст. Нишасти Душанбе дар ҳолест, ки аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон нишасти вазирони дифои ин созмон баргузор шуд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG