Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон бо фармони худ дар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бо пахши ин хабар мегӯяд, ки рӯзи 10-уми апрел бо фармони раиси ҷумҳур Ҷамшед Ҳомидов намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмони байналмилалӣ дар Женева таъин гардид. Тибқи дастури дигари президент Ҳалим Маҳмудов, муовини директори Оҷонсии назорати маводи мухаддир ва Назокат Одинаева, муовини раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ таъин шудаанд. Ҳамчунин Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Тоҳир Нуров, муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳамчунин роҳбарони як зумра пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла институтҳои зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский, астрофизика ва химияи ба номи В.И.Никитин, институти биологии Помири ба номи Х.Ю.Юсуфбеков, институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология иваз карда шуданд.
XS
SM
MD
LG