Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи давлатии Русия тарҳи қонуни афвро пазируфт


Думаи давлатии Русия рӯзи чаҳоршанбе, 18 декабр, дар баррасии дуввум тарҳи қонуни авф ба шарафи 20-умин солгарди Қонуни асосии кишварро, аз сӯи раисиҷумҳур Владимир Путин пешниҳод шуда буд, пазируфт.

Қарор аст, ки аз охири ин ҳафта, билофосила баъди нашр дар расонаҳои расмӣ, татбиқи ин санад шурӯъ шавад.

Ба тарҳи аз сӯи сарвари Русия 9 декабр ба парламент пешниҳодшуда беш аз 50 тағйиру илова пешниҳод шуд, аммо бештари онҳо, аз ҷумла, дархости ҷиноҳҳои ҳизби “Русияи боадолат” ва ҳизби коммунист дар бораи афви ҳама муҷримон аз рӯи “Парвандаи майдони Болотная”, аз сӯи кумитаи қонунгузории Думаи давлатӣ рад шуданд.

Бар пояи тарҳ онҳое афв мешаванд, ки барои ҷиноятҳои ночиз ё на он қадар сангин муҷозот шудаанд ё таҳти пайгарди қонун қарор доранд. Интизор меравад, ки ноболиғ, маъюбон, бознишастаҳо, занони ҳомила ва заноне, ки кудакони хурдсол доранд, чаҳорчӯби маҳбасро тарк намоянд.

Ҳадс зада мешавад, ки теъдоди афвшудагон аз 10 то 25 ҳазор нафар хоҳад буд.

Мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия аз тарҳи қонуни афв барои маҳдуд буданаш интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG