Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳам ёддошти ташкили бошгоҳи энержиро имзо кард


Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар бораи ташкили бошгоҳ ё клуби энержӣ як ёддошти тафоҳум имзо карданд. Дар ин бора Анатолий Яновский-муовини вазири энержии Русия ба рӯзноманигорон хабар дод.

Бино ба гуфтаи вай, ҳадафи ин бошгоҳ таҳияи пешниҳодҳо барои маҳофили илмӣ мебошад, то онҳо дар чаҳорчӯбаи ин бошгоҳ масоили заруриро бо назардошти захоири энержӣ дар ҷаҳон баррасӣ кунанд.

Анатолий Яновский гуфтааст, ки ба ин бошгоҳ намояндагони ҳукумат, соҳибкорон ва доираҳои илмӣ медароянд ва масъалаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки ба нафъи ҳама хоҳад буд. Вай гуфтааст, ки иҷрои тасмимҳои ин бошгоҳ барои ҳама ҳатмӣ нахоҳад буд.

Тоҷикистон низ узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад. Ин санадро муовинони вазирони энержии Афғонистон, Беларусия, Қазоқистону Чин, Муғулистону Ҳиндустон, Тоҷикистону Туркия ва Шри Ланка имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG