Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи сиҳати Михаил Калашников бад шуд


Михаил Калашников, муаллифи автомати дар олам машҳур, дар бахши эҳёи Маркази ташхисии шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмурдистон, бистарӣ шуд. Вазири ҳифзи сиҳати ин ҷумҳурӣ ба хабаргузории “Интерфакс” Владимир Музлов гуфт, ки вазъи сиҳати Калашников шоми якшанбе якбора бад шудааст.

10 ноябри соли гузашта Михаил Калашников 94-сола шуд. Моҳи июни соли равон дар бемористони марказии низомии шаҳри Маскав табобат гирифт. Табибон ба ӯ таҷҳизоти танзимкунандаи кори қалбро насб намуданд ва моҳи гузашта Калашников ба зодгоҳаш Ижевск баргашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG