Нигористони ҳафта аз Радиои Озодӣ.
Ҳашт акс аз якшанбе то шанбе
5
Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, роҳбари пешини Толибони Покистон, рӯзи ҷумъаи 31-уми октябр бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд. Ба ҷойи ӯ Хон Саид Сайна, раҳбари нави гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон интихоб шуд.
6
Задухурди мусаллаҳона миёни мақомоти пулис ва шахсони мусаллаҳ дар фурудгоҳи байналмиллаии Лос Анҷелос, рӯзи 1-уми ноябри соли 2013.
7
Дурбинҳои назоратии кӯчаҳои шаҳри Душанбе баъд аз шаш соати фаъолияташон рӯзи 2-уми ноябр беш аз 17 ҳазор қоидавайронкуниро сабт кардаанд. Акнун ҳар қадами ронандагону сокинон дар кӯчаҳои марказии Душанбе назорат карда мешавад.
8
Ҷавонони зиёде дар сарораси Тоҷикистон барои ҳимоят аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-уми ноябр ба кӯчаҳо баромада, бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон ва шиорҳо дар даст аз Раҳмон ҷонибдории худро изҳор доштанд.