Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР: "Ҳудуди 500 нозири байналмилалӣ сабти ном шудааст"


Комиссияим марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳудуди 500 нозири байналмилалӣ ба манзури ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аккредитасия ё сабти ном шуданд. Абдуманон Додобоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи панҷшанбеи 31 дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки «то кунун дар ин ниҳоди интихоботӣ ба манзури назорат ба раванди баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон ҳудуди 500 нозири байналмилалӣ сабти ном шуда ва онҳо ҳаққи назаорат ба ин маъракаи муҳимро доранд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Додоев, рӯзи гузашта зимни баргузории ҷаласаи КМИРТ, тасмим шуд, ки гуруҳе аз нозирони Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва аз кишварҳои ИДМ, Амрико ва Жопун ба унвони нозири интихоботӣ сабти ном гарданд. Ҳамчунин ба иттилои масъулони КМИРТ, ин ниҳоди интихоботӣ намояндагони 80 расонаи хориҷиро низ ба хотири инъикоси раванди баргузории интихоботи президентии 6-уми ноябр дар ин кишвар сабти ном кардааст. Нахустин гуруҳи нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар аввалҳои моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон омада буданд ва то рузи баргузории интихобот теъдоди нозирони ин созмон ба 165 нафар мерасад. Баъдан ҳайате аз нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ вориди Тоҷикистон шуданд, ки шумораи умуми онҳо ҳудуди 150 нафар хоҳад буд. Ҳамакнун ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА нахустин гузориши даврагии худро дар бораи раванди баргузории интихобот нашр кард, ки аз таърихи 2 то 19 октябрро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG