Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Раҳмон аз дидбонгоҳи нав дар марзи Афғонистон


Cафари Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон бо дидор аз дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки дар канораи шаҳраки Ваҳдат воқеъ аст, шурӯъ шуд. Ин дидбонгоҳи муваққатӣ соли 1993 дар оғози авҷи ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби нерӯҳои марзбонии рус таъсис ёфт ва акунун ба дидбонгоҳи доимии марзбонони тоҷик табдил ёфт. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ба ҷуз дидбонгоҳи марзии Поршнев, дар марз бо Афғонистон зиёда аз панҷ дидбонгоҳи нав сохта ва ё бозсозӣ шуданд.
Ин дидбонгоҳ дар дар рӯбарӯи маркази вулусволии Шуғнони вилояти Бадағшони Афғонистон-Қалъаи Барпанҷа қарор дорад.

Дар идомаи сафар дар ин ноҳия, бо ширкати президент маросими буридани навори рамзии идораҳои маъмурии амният, милиса, комиссариати ҳарбӣ ва шӯъбаи "Агроинвестбонк” сурат мегирад. Ба дунболи мулоқот бо мардуми ноҳияи Шуғнон дар шаҳраки Ваҳдат, президент пас аз зӯҳри имрӯз ба ноҳиия Ишкошим сафар мекунад.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Бадахшон, рӯзи гузашта аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз оғоз ёфт. Оқои Раҳмон дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот дар ин ду ноҳия ширкат кард ва аз бозмондаҳои қалъаи Карон дар ноҳияи Дарвоз, ки ба гуфтаи бостоншиносон таърихи наздик ба 4000 сола дорад, дидан намуд.
XS
SM
MD
LG