Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нақби мошингарди Чормағзак


Имрӯз сешанбеи 1-уми октябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нақби мошингарди Чормағзак, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ ёфт. Тавре аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, аз дохили ин нақб ҳаракати мошинҳо аз ду самти даромад ба нақб ва дар дохили он, ҳамчунин кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.

Нақби Чормағзак қариб 4,5 км дарозӣ дошта, бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Манбаъ гуфт, дар якҷоягӣ бо роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бошад, ки қитъае аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-сарҳади Чин мебошад, дар маҷмӯъ 630 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Акнун, масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG