Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгаҳи дучархасаворӣ дар Боғи ботаникӣ


Рӯзи якшанбеи 15 сенябр дар Боғи ботаники шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон пойгаҳи кучаки дучархасаворӣ миёни кӯдакон баргузор мешавад.

Масъулони Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон дар тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин пойгаҳ ба ибтикори Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» баргузор мешавад."

Ин масъулон таблиғи варзиши велосипедронӣ ва дигар навъҳои варзишро аз ҳадафи аслии пойгаҳи дучархасаворӣ унвон карданд.

Ин аст, ки ба гуфтаи масъулони Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон дар доираи чорабинӣ баргузории мусобиқот барои велосипедронон ва дорандагони дигар навъҳои дучархаи ғайримуҳаррик (худрав (самокат), ролик)-и синусоли аз 3 то 12-сола дар назар буда, гурӯҳи аввали кӯдакон (аз 3 то 7-сола) масофаи 60-100 метр ва гурӯҳи дуюм (аз 8 то 12-сола) масофаи 1-1,5 километрро тай мекунанд.

Масъулони Федератсия мегӯянд, мусобиқа аз соати 11 то 13 баргузор шуда, тамоми хоҳишмандони дорои велосипед ва дигар навъҳои дучархаҳои ғайримуҳаррики коршоями роҳ имкони ширкат дар ин мусобиқаро доранд.

Ғолибонро туҳфаҳои тахсисдодаи созмондиҳандагон интизор аст.

15-уми сентябри соли 1801 оҳангари крепостноии рус ба инсоният «пойҳои тез»-ро, ки тарҷумаи лотиниаш «велосипед» аст, туҳфа намуда, якумрӣ ба сафҳаи таърихи ҷаҳон шомил шуд.
XS
SM
MD
LG