Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бах - раиси нави Кумитаи байналмилалии олимпӣ


Томас Бах
Томас Бах

Дар иҷлосияи125-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос-Айресе Аргентина намояндаи Олмон Томас Бах пирӯз шуд

Дар иҷлосияи125-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос-Айресе Аргентина намояндаи Олмон Томас Бах пирӯз шуд. Вай дар раъйдиҳӣ Нг Сер Мианг (Сингапур), Чинг-Куо Ву (Тайван), Ричард Кэррион (Пуэрто-Рико), Деннис Освалда (Швейтсария) ва Сергей Бубка (Украина)-ро ба қафо гузошт.

Томас Бахи 59-сола - ҳуқуқшинос, қаҳрамонии олимипии соли 1976, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба шамшерзанӣ дар рапира мебошад. Вай узви КБО аз соли 1991 мебошад. Президенти Конфедератсияи варзиши олимпии Олмон аст. 15 сол дар кумитаи иҷроияи КБО, солҳои 2000-2004 ва аз соли 2006-ум ноиби президенти КБО мебошад. Ба ҳайси раиси комиссиюни ҳуқуқӣ ва комиссиюни КБО "Варзиш ва ҳуқуқ», инчунин узви комиссиюни маркетинг ва ҳуқуқҳои телевизионӣ кор кардааст.

Томас Бах дар таърихи КБО нӯҳумин раиси Кумитаи бйналмилалии олимпӣ интихоб шуд. Ҳампешаи ӯ Жак Роггеи белгиягӣ аз соли 2001 раҳбари ҳаракати олимпии ҷаҳон буд.
XS
SM
MD
LG