Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи севуми байналмилалии “Китоби Душанбе”

Намоишгоҳ рӯзи 4 сентябр дар бинои “Душанбе-Плаза” бо ширкати 29 нашриёту ношир аз 19 кишвари дунё, аз ҷумла аз Эрону Афғонистон, Қазоқистону Туркманистон ва Русияву Амрико ба кори худ оғоз кард. Наҷмиддин Зайниддинов, раҳбари намоишгоҳ гуфт, теъдоди китобҳое ки нашриётҳои хориҷӣ ба Душанбе овардаанд, аз 20 000 нусха мегузарад. Нашриёти давлатии «Адиб» низ дар ин намоишгоҳ 25 ҳазор нусха китобро пешкаши хонандагону тамошобинон кардааст. Дастандаркорони ин чорабинӣ мегӯянд, дар баробари намоиш ва фуруши китобҳо, ҳудуди 20 қарордод миёни нашриётҳои ватаниву хориҷӣ тасвиб мешавад. Алакай чунин қарордодҳо бо нашриёти Қазоқистон ва Туркманистон имзо шудааст. Ба гуфтаи масъулон, шумораи бинандагони намоишгоҳ танҳо дар рӯзи аввал ба 9 ҳазор расидааст.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG