Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис вакилони мухолифони Украинаро шаллоқ зад


Эътирози мухолифони Украина
Эътирози мухолифони Украина
Ҷиноҳи мухолифони порламони Украина бо номи "Баткивщина" таъйид мекунад, ки Степан Кубив-намояндаи порламон баъд аз задухурд бо пулис дар назди бинои шаҳрдории Киев дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дафтари матбуотии "Батькивщина" хабар медиҳад, ки тибқи муоинаи пешакӣ қабурғаи вай шикастааст, ҷигараш ва сутунмӯҳрааш осеб дидааст. Пештар Арсений Ясенюк гуфта буд, ки дар задухурд бо пулис чанд намояндаи порламон аз нируҳои мухолифон осеб ва ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи душанбе чанд нафар намояндаи порламон аз нируҳои мухолиф аз тиреза вориди бинои шаҳрдорӣ шуданд ва талош карданд, ба ҷаласаи шаҳрдорӣ роҳ ёбанд. Вале нируҳои махсус онҳоро нагзоштанд ба толор раванд ва онҳоро бо асои резинӣ заданд. Касе боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG