Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ хостори вокуниши "безарари" фаластиниён шуд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, аз фаластиниён хостааст, ба эъломи Исроил барои тавсиаи шаҳракҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва Канораи Ғарб «вокуниши зараровар» нишон надиҳанд. Ҷон Керрӣ дар ин бора ҳангоми боздидаш аз Колумбия сухан гуфт ва ба зарурати бозгашти Исроилу Фаластиниён ба музокироти сулҳ таъкид кард. Пештар аз ин ҳукумати Амрико аз эълони Исроил дар бораи бунёди 1000 хонаи нав барои шаҳракнишинҳои яҳудӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ изҳори нигаронии амиқ кард. Қарор аст, даври дуввуми музокироти сулҳ, ки бо миёнҷигарии Амрикову шурӯъ шуд, рӯзи чаҳоршанбе дар Байтулмуққадас идома кунад. Дар ин музокирот ҳадаф гузоштаанд, ки ду тараф то 9 моҳи дигар ба созиш бирасанд. Иёлоти Муттаҳида бим дорад, ки тавсиаи шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб ва Байтулмуққадаси Шарқӣ, музокироти сулҳро аз роҳаш хориҷ мекунад. Маҳз ҳамин кори Исроил дар соли 2010 хашми фаластиниёнро барангехт ва сабаби қатъи музокирот шуд.
XS
SM
MD
LG